Trace Id is missing
Перейти к основному контенту

С 15.06.2022 г. IE 11 не поддерживается

IE11 станет недоступным с 14.02.2023. Сайты, созданные для IE, можно перезапустить в режиме IE в Microsoft Edge.
Internet Explorer превращается в Edge.

Microsoft® Office Language Interface Pack 2013 – Тоҷикӣ

Microsoft Office Language Interface Pack 2013 - Тоҷикӣ барои куллӣ барномаҳои Microsoft Office 2013 интерфейси тарҷумашудаи корбар таъмин мекунад.

Важно! Если выбрать язык ниже, содержимое страницы динамически отобразится на выбранном языке.

  • Version:

    2013

    Date Published:

    26.07.2013

    File Name:

    languageinterfacepack-x64-tg-cyrl-tj.exe

    languageinterfacepack-x86-tg-cyrl-tj.exe

    File Size:

    13.0 MB

    12.9 MB

      Microsoft Office Language Interface Pack 2013 - Тоҷикӣ интерфейси тарҷумашудаи корбарро барои барномаҳои зерини Microsoft Office 2013 таъмин мекунад:

    • Microsoft Excel® 2013

    • Microsoft OneNote® 2013

    • Microsoft Outlook® 2013

    • Microsoft PowerPoint® 2013

    • Microsoft Word® 2013


    • Бо истифодаи Microsoft Office Language Interface Pack 2013 - Тоҷикӣ, корбарон метавонанд дар забонҳои дастгиршавандаи версияҳои насби ибтидоии барномаҳои Office кор карда, фармону имконотҳои ин барномаҳоро бо забони тоҷикӣ бинанд.

      Ҳангоми насбкунии Microsoft Office Language Interface Pack 2013, файлҳое, ки ба корбар имконияти иваз кардани забони интерфейс медиҳанд, ба диски сахт нусха гирифта мешаванд. Баъди насбкунӣ, қобилиятҳо ва имконоти махсуси Microsoft Office Language Interface Pack 2013 - Тоҷикӣ аз дохили худи барномаҳои Office 2013 ва барномаи Танзимоти забонии Microsoft Office 2013 дастрас мешаванд.
  • Поддерживаемые операционные системы

    Windows 7, Windows 8

      Microsoft Windows 7 - СА 32 ё 64-бита
      Microsoft Windows 8 - СА 32 ё 64-бита
      Эзоҳ: Лутфан, бандҳои навсозиҳои охиринро барои системаи амалиётии худ насб намоед, то дастгирии беҳтари забони худро таъмин намоед.

    Нармафзор Ҳар версияи маҷмӯи барномаҳои Office 2013 ё барномаи алоҳидаи ӯ, ки Microsoft Excel, Microsoft OneNote, Microsoft Outlook, Microsoft PowerPoint ё Microsoft Word-ро дар бар мегирад ё Microsoft Office Language Interface Pack 2013 - Тоҷикӣ-ро дастгирӣ мекунад. Эзоҳ: Лутфан, бандҳои навсозиҳои охирини Microsoft Office-ро барои маҳсулоти Microsoft Office-и худ насб намоед. Ин истифодаи маҳсулотро беҳтар мекунад.

    Компютер ва просессор Просессори 1 GHz бо дастгирии SSE2 ё баландтар; 2 GB RAM ё зиёдтар

    Фазои диск Илова бар фазои диски сахте, ки барои насби барномаҳои Office 2013 истифода бурда мешавад,
  • 3 GB фазои дастрас дар диски сахт лозим аст.

  • Талаботҳои системавии боқимонда ҳамчӯ талаботҳои барномаҳои дигари Office 2013 мебошанд, ки шумо бо Microsoft Office Language Interface Pack 2013 - Тоҷикӣ истифода мебаред.


  • Windows Language Interface Pack Тавсия карда мешавад, ки шумо версияҳои охирини Language Interface Pack барои Windows 7 ё Windows 8 барои дастгирии беҳтари системаи амалиётӣ ва барномаҳо насб намоед.

    Танзимоти возеҳии экран ва шумораи нуқтаҳо дар як дюйм Кулли ҳуруфҳо барои хониш дар возеҳии 1366 x 768 коркард мешаванд. Агар хониши ҳуруфи забони худ ба шумо мушкил бошад, танзимоти экрани худро ба возеҳии баландар иваз кунед. Эзоҳ: Тавсия медиҳем, ки барномаҳои Office 2013-ро бо танзимоти пешфарзи шумораи нуқтаҳо дар дюйм, ки барои Windows таъин шуда, ба 96 нуқта дар дюйм баробар аст, истифода баред. Истифодаи танзимоти 120 нуқта дар дюйм метавонад сабаби паст шудани сифати таҷрибаи кор бо Office дар баъзе барномаҳои ӯ, ба тариқи калон кардани равзанаҳои гуфтугӯии Office, шавад.

    Имконоти минтақавӣ ва забонӣ Ғайр аз он, тавсия мешавад, ки ҳама Имконоти минтақавӣ ва забонӣ дар Панели идоракунӣ ба забони Microsoft Office Language Interface Pack 2013 - Тоҷикӣ таъин шаванд.

  • Барои насб кардани ҷузъи боргиршуда:
    1. Файли "LanguageInterfacePack.exe"-ро ба тариқи пахш намудани тугмачаи "Боргирӣ" (болотар) ва захира кардани файл ба диски сахти худ бор гиред.
    2. Файли "LanguageInterfacePack.exe"-ро дар компютери худ бо тугмачаи чапи мушак ду маротиба пахш намоед, то барномаи насбро ба кор дароред.
    3. Дастури рӯи экранро иҷро карда, насбкуниро ба анҷом расонед.
    4. Баъд аз анҷоми насбкунӣ, файли "readme"-и Microsoft Office 2013 Language Interface Pack метавонад дар C:\Program Files\Common Files\microsoft shared\OFFICE15\1064\LIPread.htm дастрас карда шавад.
    5. Навсозии Office 2010 бо Language Interface Pack Office 2010 ё версияи кӯҳнатар то Office 2013 бо истифодаи Office 2013 Language Interface Pack дастгирӣ карда намешавад. Агар хоҳед насби пойгоҳии Office 2010-ро то Office 2013 бо Office 2013 Language Interface Pack нав созед, шумо бояд:
      • Office 2010 Language Interface Pack- ро нест кунед.
      • Барномаи насбкунии Office 2013-ро ба кор дароварда, имконияти навсозиро интихоб кунед.
      • Баъд аз ба анҷом расидани насбкунии Office 2013, Office 2013 Language Interface Pack-ро насб карда, ӯро ба танзим дароред.



    Фаъол сохтани маҳсулоти Office:
    Агар ҳангоми хондани тамоми рамзи насбкунӣ дар равзанаи гуфтугӯии "Устоди фаъолсозии Microsoft Office" мушкилие ба миён ояд, ё ҳангоми истифодаи Microsoft Office Language Interface Pack 2013 тамоми рамзи насбкунӣ дуруст нишон дода нашавад, устодро барҳам дода, ба забони асосӣ-и маҳсулот гузашта, маҳсулоти Microsoft Office-и худро фаъол созед.

    Дастур барои истифода:
    Барои иваз кардани забони интерфейси корбар ба забони Microsoft Office Language Interface Pack 2013 – Тоҷикӣ, амалҳои зеринро иҷро кунед:

    1. Параметрҳои забонии Microsoft Office 2013-ро аз менюи Оғоз\Ҳама барномаҳо\Microsoft Office\Microsoft Office Tools ба кор дароред.
    2. Зери Интихоб кардани забонҳои барномаҳо ва ёрӣ, зери Забони барномаҳо забони лозимро интихоб карда, тугмачаи "Таъинкунӣ ҳамчӯ пешфарз"-ро пахш намоед.
    3. Зери Интихоб кардани забонҳои таҳриркунӣзабони лозимро интихоб карда, тугмачаи "Таъинкунӣ ҳамчӯ пешфарз"-ро пахш намоед.
    4. Тугмачаи "OK"-ро пахш кунед.


    Танзимоти забонии интихобкардаи шумо ҳангоми такроран ба кор даровардани барномаҳои Office татбиқ мешаванд.
    Эзоҳ: Ёрӣ ба забони Microsoft Office Language Interface Pack 2013 – Тоҷикӣ иваз карда намешавад. Ёрӣ ҳамеша дар забони насби ибтидоӣ мемонад.
    Забони ёриро ҳамеша дар рӯйхати кушодашаванда ба забони асосӣ гузоред.

    Барои нест кардани ин ҷузъи боргирӣ шуда:
  • Аз ҳама барномаҳои Microsoft Office бароед.
  • Аломати "Барномаҳо ва Хусусиятҳо"-ро дар Панели идоракунии Windows пахш намоед.
  • Дар имконоти "Нест ё тағйир додани барнома" Microsoft Office Language Interface Pack 2013 - Тоҷикӣ-ро дар минтақаи Барномаҳои насбшуда пахш намоед ва пас имконоти "Несткунӣ"-ро интихоб кунед.
  • Дастури рӯи экранро иҷро кунед.

  • Читать о Майкрософт