ШАРТҲОИ САВДОИ MICROSOFT

Тағйирот аз феврали 2017

Марҳабо ба мағозаҳои онлайн ва савдои чаканаи Microsoft. “Мағоза” маънои макони савдои онлайн ва чаканаро дорад, ки ба шумо имконияти ҷӯстан, намоиш додан, дастрас кардан, харидорӣ намудан, баҳогузорӣ кардан ва аз назар гузаронидани маҳсулотҳо ва хизматрасониҳо, инчунин дастгоҳҳо, консоли бозӣ, муҳтавои рақамӣ, барномаҳо, бозиҳо, хидматҳо ва ғайраро медиҳад. Ин шартҳои савдо (“Шартҳои савдо”) истифодаи мағозаҳои Microsoft, Office, Xbox, Windows ва дигар хизматрасониҳои Microsoft-ро дар бар мегиранд, ки бо ин шартҳои савдо ( дар якҷоягӣ, “Мағоза”) робита доранд. Тавассути “Мағоза” Microsoft дастрасӣ ба як қатор захираҳо, инчунин майдонҳои боргирӣ, нармафзор, абзорҳо ва маълумот дар бораи нармафзор, хизматрасониҳо ва дигар маснуот (дар якҷоягӣ, “Хизматрасониҳо” ва дар якҷоягӣ бо мағоза, “Мағоза”) таъмин менамояд. Аксари маҳсулот, хизматрасониҳо ва муҳтавое, ки дар “Мағоза” пешниҳод мешаванд, маҳсулотҳои ниҳодҳое мебошанд, ки ба Microsoft тааллуқ надоранд. Бо истифодаи Мағоза ё бо харидорӣ намудани маҳсулот ва хизматрасониҳо аз Мағоза, шумо ин “Шартҳои савдо”, “Изҳороти махфияти Microsoft” (ба “Махфият” ва қисми “Ҳимояи маълумоти шахсӣ” дар поён нигоҳ кунед) ва шарту шароит, сиёсатҳо ё раддияҳои татбиқшавандаеро, ки дар ин Мағоза ёфт мешаванд ё аз ин “Шартҳои савдо” истинод мегиранд, қабул мекунед ва бо онҳо розӣ ҳастед. Мо ба шумо тавсия медиҳем, ки Сиёсатҳои Мағозаро бодиққат хонед. АГАР ШУМО БО СИЁСАТҲОИ МАҒОЗА РОЗӢ НАШАВЕД, ПАС МАҒОЗА Ё ХИЗМАТРАСОНИҲОРО ИСТИФОДА БУРДА НАМЕТАВОНЕД.

Агар мо дар кишвар ё минтақаи шумо ягон Мағозаи чаканаи Microsoft дошта бошем, пас он метавонад, ки дорои сиёсатҳои мухталиф ё иловагӣ бошад. Microsoft метавонад, ки бидунӣ огоҳӣ дар вақти дилхоҳ сиёсатҳоро навсозӣ кунад ё тағйир диҳад.

Шартҳои вобаста ба истифодаи Мағоза аз ҷониби шумо

1. Ҳисоби узв. Агар Мағоза аз шумо талаб намояд, ки як ҳисоб кушоед, шумо бояд раванди бақайдгириро тавассути пешниҳод кардани маълумоти ҷорӣ, пурра ва дуруст, ки аз ҷониби шакли бақайдгирии дахлдор тақозо мешавад, ба итмом расонед. Инчунин, шояд аз шумо талаб карда шавад, ки як шартномаи хизматрасонӣ ё шартҳои истифодаро ҳамчун як шарти кушодани ҳисоб қабул кунед. Истифодаи ҳисоб аз ҷониби шумо барои ворид шудан ба Мағоза ва муҳтавое, ки шумо аз Мағоза дастрас мекунед, таҳти ҳамаи шартҳое, ки ҳисоби Microsoft-ро танзим менамоянд, қарор дорад. Барои маълумоти бештар, лутфан, Шартномаи хизматрасонии Microsoft-ро бинед. Шумо барои махфӣ нигоҳ доштани маълумоти ҳисоб ва пароли худ масъул ҳастед ва барои тамоми фаъолияти ҳисоби худ масъул мебошед.

2. Бе истифодаи ғайриқонунӣ ё мамнӯъ. Ҳамчун як шарти истифодабарии Мағоза ва Хизматрасониҳо шумо ба мо кафолат медиҳед, ки Мағозаро барои ягно мақсади ғайриқонунӣ ё мамнӯи ин Шартҳои савдо, Сиёсатҳои Мағоза, ё дигар шартҳое, ки барои истифодаи Мағоза татбиқ мешаванд, истифода намебаред. Шумо Мағозаро тавре истифода бурда наметавонед, ки ба серверҳои Microsoft ё шабака(ҳо)и ба серверҳои Microsoft пайвастшуда зарар расонад, ғайрифаъол кунад, пурбор намояд ё вайрон кунад ё ба истифодаи ҳар гуна тарафи дигар ё баҳрамандии он аз Мағоза дахолат кунад. Тавассути ҳакерӣ, шикастани парол ё дигар воситаҳо шумо наметавонед, ки дастрасии беиҷозат ба Мағоза, дигар ҳисобҳо, системаҳои компютер ё шабакаҳои ба серверҳои Microsoft пайвастшуда ё ба Мағоза пайдо намоед. Шумо наметавонед бо воситаҳое, ки барқасд тавассути Мағоза дастрас нашудаанд, ҳар гуна маводҳо ё маълумотро дастрас кунед ё кӯшиши дастрасии онҳоро намоед. Шумо наметавонед Мағозаро тарзе истифода баред, ки ҳуқуқҳои тарафҳои сеюмро поймол намояд, инчунин ба ягон нафар ё ниҳод, аз ҷумла Microsoft дидаву дониста зарар расонед. Шумо наметавонед, ки ҳар гуна маҳсулот, маълумот ё хизматрасониҳоеро, ки аз Мағоза дастрас менамоед, бо мақсади тиҷорат паҳн кунед, интишор намоед, иҷозат диҳед ё фурӯшед.

3. Маводҳое, ки шумо ба Microsoft пешниҳод менамоед ё дар Мағоза нашр мекунед. Маводҳоеро, ки шумо ба Microsoft пешниҳод менамоед (аз ҷумла, изҳори назар, баҳогузориҳо, тақризҳо ва пешниҳодҳо) ё дар Мағоза ва ё хизматрасониҳои бо Microsoft алоқаманд, ки барои тақризнависии дигарон мебошанд, нашр менамоед, бор мекунед, ворид менамоед ё месупоред, Microsoft изҳори соҳибмулкии онҳоро намекунад (ҳар кадом як “Пешниҳод” ва дар якҷоягӣ “Пешниҳодҳо”). Вале, шумо ба Microsoft як ҳуқуқи бе подошпулӣ, доимӣ, бебозхонд, умумиҷаҳонӣ, ғайриистисноӣ ва зериҷозатдиҳандаро барои истифода, тағйирдиҳӣ, мутобиқсозӣ, аз нав ба вуҷудорӣ, эҷоди корҳои фаръӣ, тарҷума, таҳриркунӣ, иҷроиш, паҳнкунӣ ва намоиш додани “Пешниҳод”-и шумо, аз ҷумла номи шумо дар ҳар васоити ахбор, медиҳед. Агар шумо “Пешниҳод”-и худро дар майдонҳои Мағоза нашр кунед, ки дар онҷо ба таври васеъ бе маҳдудият онлайн дастрас аст, пас “Пешниҳод”-и шумо метавонад дар намоишҳо ё маводҳое пайдо шавад, ки Мағоза ва/ё маҳсулот, хизматрасониҳо ва муҳтавои Мағозаро ташвиқ медиҳанд. Шумо кафолат медиҳед ва изҳор мекунед, ки барои пешниҳод намудани “Пешниҳод” дорои ҳамаи ҳуқуқҳои зарурӣ мебошед ва ин ҳуқуқҳоро ба Microsoft медиҳед.

Ягон ҷубронпулӣ барои истифодаи “Пешниҳод”-и шумо пардохт карда намешавад. Microsoft уҳдадор нест, ки ҳар гуна “Пешниҳод”-ро нашр кунад ё истифода барад ва метавонад ҳар гуна “Пешниҳод”-ро дар вақти дилхоҳ бо ихтиёри худ нест кунад. Microsoft барои “Пешниҳодҳо” ё маводҳое, ки дигарон бо истифодаи Мағоза нашр, бор ё равон мекунанд масъул ва ҷавобгар нест.

Агар шумо ягон барномаро дар ягон Мағоза баҳо диҳед ё баррасӣ кунед, эҳтимол аз Microsoft паёми электронии шомили мӯҳтаво аз ношири барнома гиред.

4. Пайвандҳо ба вебсайтҳои тарафи сеюм. Мағоза метавонад вебсайтҳои тарафи сеюмро дар бар гирад, ки ба шумо иҷозати тарк кардани Мағозаро медиҳанд. Ин сомонаҳои пайванддор таҳти назорати Microsoft қарор надоранд ва Microsoft барои муҳтавои ҳар гуна сомонаи пайванддор ё ҳар гуна пайванде, ки дар сомонаи пайвандор аст, масъул намебошад. Microsoft ин пайвандҳоро танҳо барои осонӣ пешниҳод менамояд ва дарбаргирии ҳар гуна пайванд маънои дастгирӣ аз ҷониби Microsoft-ро надорад. Истифодаи вебсайти тарафи сеюм метавонад, ки таҳти шарту шароити ҳамон тарафи сеюм қарор гирад.

Шартҳои дахлдори савдои маҳсулот ВА ХИЗМАТРАСОНИҲО ба шумо

5. Дастрасии ҷуғрофӣ. Маҳсулоти дастрас вобаста аз минтақа ё дастгоҳи шумо метавонанд фарқ кунанд. Илова бар ин, мувофиқи муқаррароти сиёсати бурдарасонии мо, нисбат ба маконе, ки мо маҳсулотро ирсол менамоем, маҳдудиятҳо бошанд. Барои ба итмом расондани хариди худ, ба шумо зарур аст, ки як суроғаи биллинг ва бурдарасонии дуруст дар дохили кишвар ё минтақаи Мағоза дошта бошед, ки аз онҷо шумо харидорӣ карда истодаед.

6. Танҳои корбарони ниҳоӣ. Барои харидории маҳсулот ва хизматрасониҳои Мағоза шумо бояд як корбари ниҳоӣ бошед. Фурушандаҳо барои харидорӣ намудан ҳақ надоранд.

7. Маҳдудиятҳои Содиротӣ. Маҳсулот ва хизматрасониҳое. ки аз Мағоза харидорӣ мешаванд зери қонуну қоидаҳои гумрук ва назорати содирот қарор доранд. Шумо розӣ ҳастед, ки ҳамаи қонуну қоидаҳои татбиқшавандаи байналмилалӣ ва миллиро риоя кунед.

8. Биллинг. Бо пешниҳод намудани усули пардохт ба Microsoft, шумо: (i) изҳор менамоед, ки шумо ваколати истифодаи усули пардохти нишондодаатонро доред ва ҳамаи маълумоти пардохтии пешниҳодкардаатон дуруст ва саҳеҳ аст; (ii) ба Microsoft ваколат медиҳед, ки аз шумо барои ҳар гуна маҳсулот, хидматҳо ё мӯҳтавои дастраси харидоришуда бо истифодаи усули пардохти шумо пардохт ситонад; ва (iii) ба Microsoft ваколат медиҳед, ки аз шумо барои ҳамагуна хусусияти пардохтии Мағоза, ки шумо дар онҳо сабти ном мекунед ё истифода мебаред, пардохт ситонад. Шумо розӣ мешавед, ки ҳисоб ва маълумоти дигари худро дарҳол нав кунед, аз ҷумла суроғаи почтаи электронӣ ва рақами корти қарзӣ ва санаи анҷоми он, то ки мо тавонем амалиёти шуморо иҷро кунем ва дар мавриди лозимӣ дар робита бо амалиёти шумо бо шумо дар тамос шавем. Мо метавонем ба шумо ҳисоб пешниҳод намоем (a) пешакӣ; (b) дар лаҳзаи харид; (c) чанде пас аз харид; ё (d) ё ба таври мунтазам барои обунаҳо. Инчунин, мо метавонем аз шумо то миқдори тасдиқкардаи шумо маблағ ситонем ва дар бораи ҳар гуна тағйирот ба миқдори маблағи ситонидашаванда барои обунаҳои такрорӣ мувофиқи шартҳои обунашавии шумо пешакӣ хабар диҳем. Мо метавонем ба шумо барои зиёда аз як давраи пешниҳоди ҳисоб ба маблағҳои қаблан коркард нашуда ҳисоб пешниҳод кунем. Ба “Бахши навсозии худкор” дар поён нигоҳ кунед.

Агар шумо дар ягон пешниҳоди давраи озмоиш иштирок кунед, шумо бояд хизматрасониро дар охири давраи озмоиш бекор кунед, то хароҷоти навро пешгирӣ кунед, ба шарте ки ба таври дигар огоҳ накунед. Агар шумо хизматрасониро дар охири давраи озмоиш бекор накунед, пас шумо ба мо иҷозат медиҳед, ки барои маҳсулот ё хизматрасонӣ аз усули пардохти шумо маблағ ситонем.

9. Пардохтҳои мунтазам. Вақте ки шумо маҳсулот, хизматрасониҳо ё муҳтаворо ба тариқи обуна мехаред (мас., ҳар ҳафта, ҳармоҳа, ҳар 3 моҳ ё солона (тавре ки амал мекунад)), шумо эътироф менамоед ва розӣ мешавед, ки пардохти мунтазамро иҷозат медиҳед ва пардохтҳо ба Microsoft бо усули интихобкардаи шумо дар фосилаҳои мунтазами интихобшудаи шумо, то қатъ карда шудани обуна аз ҷониби шумо ё Microsoft, пардохт карда мешаванд ё ба таври дигар мувофиқи шартҳои он. Бо иҷозат додани пардохтҳои мунтазам, шумо ба Microsoft иҷозат медиҳед, ки чунин пардохтҳоро ҳамчун дебити электронӣ ё интиқоли маблағҳо ё барориши электронӣ аз суратҳисоби таъйинкардаи шумо (дар ҳолати пардохт тавассути Хонаи клирингии худкор ё пардохтҳои шабеҳи он), ё ҳамчун ситонишҳо ба суратҳисоби таъйинкардаи шумо (дар ҳолати корти қарзӣ ё пардохтҳои шабеҳи он) (дар якҷоягӣ, “Пардохтҳои электронӣ”) коркард кунад. Барои ҳаққи обуна одатан пеш аз давраи обунаи татбиқшаванда ҳисоб пешниҳод карда мешавад ё ситонида мешавад. Агар ҳар гуна пардохт пардохт нашуда баргардад ё агар ҳар гуна корти қарзӣ ё амалиёти монанд рад ё инкор карда шавад, Microsoft ё таҳвилгарони он ҳуқуқи ҷамъ кардани ҳар гуна объекти баргардонидашаванда, радшуда ё дигар пардохтҳоро мувофиқи иҷозати қонуни татбиқшаванда нигоҳ медорад.

10. Дастрасии маҳсулот ва маҳдудиятҳои миқдор ва фармоиш. Нархҳо ва дастрасии маҳсулот дар вақти дилхоҳ ва бидуни огоҳӣ тағйир меёбанд. Microsoft метавонад ба миқдорҳое, ки барои як фармоиш, ҳисоб, корти қарзӣ, нафар ё оила харидорӣ мешаванд маҳдудият гузорад. Агар маҳсулот ё хизматрасониҳое, ки шумо фармоиш додаед дастнорас бошанд, пас мо метавонем, ки бо шумо дар тамос шуда алтернативаи маҳсулотро пешниҳод намоем. Агар шумо маҳсулоти алтернативиро харидорӣ намудан нахоҳед, пас мо фармоиши шуморо бекор мекунем.

Microsoft метавонад дар вақти дилхоҳ аз ҳар гуна фармоиш, ҷуброни маблағҳои барои фармоиш пардохтшуда бо сабабҳои номаҳдуд, ки агар шумо бо шартҳое, ки дар дилхоҳ вақти фармоиш додан муқаррар шудаанд, ҷавобгу набошед, агар пардохти маблағи шумо коркард карда нашавад, агар маҳсулот ё хизматрасониҳои фармоишшуда дастрас набошанд ё бо сабаби хатогиҳои нархгузорӣ ё дигар хатоҳо, даст кашад ё онҳоро рад кунад. Дар ҳолати хатогиҳои нархгузорӣ ё дигар хатоҳо, мо ҳуқуқ дорем, ки бо салоҳдиди худ ё (а) фармоиш ё харидории шуморо бекор кунем ё (b) бо шумо барои дастур додан дар тамос шавем. Дар ҳолати бекоркунӣ дастрасии шумо ба муҳтавои дахлдор ғайрифаъол карда мешавад.

Мо метавонем, ки дастрасӣ ба муҳтавои бо ҳисоби шумо алқамандро бо ҳар гуна сабаб ғайрифаъол созем. Инчунин, мо метавонем, ки бозиҳо, барномаҳо, муҳтаво ё хизматрасониҳои дастгоҳи шуморо барои ҳимоя кардани Мағоза ё тарафҳои таъсирпазири потенсиалӣ нест кунем ё ғайрифаъол созем. Баъзе муҳтаво ва барномаҳо баъзан метавонанд дастнорас бошанд ё барои як вақти маҳдуд пешниҳод шаванд. Дастрасӣ аз минтақа вобастагӣ дорад. Ҳамин тавр, агар шумо ҳисоб ё дастгоҳи худро ба дигар минтақа иваз кунед, пас шумо наметвонед, ки муҳтаво ё барномаҳоро аз нав боргирӣ намоед ё баъзе муҳтавои харидоришударо ҷараён кунед; шояд ба шумо зарур шавад, ки барои муҳтаво ё барномаҳое, ки дар минтақаи қаблӣ пардохт карда будед, аз нав харидорӣ кунед. Ба истиснои ҳолатҳое, ки аз тарафи қонуни татбиқшаванда муқаррар шудаанд, мо уҳдадор нестем, ки аз нав боргирӣ ё ивази ҳар гуна муҳтаво ё барномаи харидоришудаи шуморо таъмин намоем.

11. Навсозиҳо. Агар мувофиқ бошад, Microsoft ба таври худкор навсозиҳои барномаҳои шуморо тафтиш ва боргирӣ мекунад, ҳатто агар ба Дӯкони мувофиқ ворид нашуда бошед. Агар нахоҳед, ки навсозиҳои худкорро ба барномаҳои Мағоза гиред, пас шумо метавонед танзимоти худро иваз кунед. Аммо, баъзе барномаҳои Мағозаи Office, ки пурра ё қисман дар онлайн ҷойгир шудаанд, метавонанд дар вақти дилхоҳ аз ҷониби таҳиягари барнома навсозӣ шаванд ва метавонанд барои навсозӣ иҷозати шуморо талаб кунанд.

12. Иҷозатномаҳои нармафзор ва ҳуқуқҳои истифодабарӣ. Нармафзор ва дигар муҳтавои рақамие, ки тавассути Мағоза дастрас гардонида шудаанд, ба шумо бо иҷозатнома дода мешаванд, на ин ки фурӯхта. Барномаҳое, ки бевосита аз Мағоза боргирӣ мешаванд таҳти “Шартҳои Иҷозатномавии Барномаи Стандартӣ” (ШИБС) қарор доранд, ки дар [https://go.microsoft.com/fwlink/p/?linkid=838610&clcid=0x0428] дастрас мебошанд, агар шартҳои иҷозатномавии дигар ҳамроҳ бо барнома пешниҳод карда нашаванд. (Барномаҳое, ки аз Мағозаи Office боргирӣ мешаванд аз ҷониби ШИБС танзим намешаванд ва шартҳои иҷозатномавии алоҳида доранд.) Барномаҳо, бозиҳо ва дигар муҳтавои рақамие, ки тавассути Мағоза дастрас мешаванд таҳти қоидаҳои истифода қарор доранд, ки дар http://go.microsoft.com/fwlink/p/?LinkId=723143 ҷойгиранд. Шумо мефаҳмед ва эътироф мекунед, ки ҳуқуқҳои шумо нисбат ба ин молҳои рақамӣ бо ин Шартҳои Савдо, қонун дар бораи ҳуқуқи муаллиф ва қоидаҳои истифода маҳдуд карда мешаванд, дар боло зикр шудаанд. Иҷозатномаҳои нармафзор, ки аз Мағозаи Чаканаи Microsoft харидорӣ мешаванд таҳти шартномаи иҷозатномавие, ки нармафзорро ҳамроҳӣ мекунад, қарор доранд ва аз шумо талаб карда мешавад, ки ҳангоми насбкунии нармафзор бо шартномаи иҷозатномавӣ розӣ шавед. Ҳар гуна аз нав ба вуҷудоварӣ ё такроран паҳнкунии нармафзор ё маҳсулот, ки мутобиқи шартҳои иҷозатномавии дахлдор, қоидаҳои истифодабарӣ ва қонуни татбиқшаванда намебошад, қатъиян манъ аст ва метавонад боиси ҷазоҳои маъмурӣ ва ҷиноятӣ мегардад. Вайронкунандагони тартибот бо хатари ҷазои сахти ҳаддалимкони қонун дучор мешаванд.

АГАР ШУМО ЯК НУСХАИ ШАРТНОМАИ ИҶОЗАТНОМАВИИ АМАЛКУНАНДАИ РОЙГОНРО БАРОИ НАРМАФЗОРИ ҚУТТИДОР ХОҲЕД, ПАС ПЕШ АЗ КУШОДАНИ ҚУТТӢ, ЛУТФАН, БО МАҒОЗАИ ЧАКАНАИ MICROSOFT ДАР ТАМОС ШАВЕД (ЧУНОНЕ, КИ ДАР ОГОҲИҲО ВА БАХШИ АЛОҚА ДАР ПОЁН ТАСВИР КАРДА ШУДААСТ).

ДИГАР ШАРТУ ШАРОИТ. Илова ба нармафзор ва дигар маҳсулоти боргиришаванда, инчунин дар Мағоза дигар маҳсулот ва хизматрасониҳои дастрас барои харидорӣ ё озмоишӣ бо шартномаҳои иҷозатномавии алоҳида барои корбари ниҳоӣ, шартҳои истифода, шартҳои хизматрасонӣ ё дигар шарту шароит пешниҳод карда мешаванд. Агар шумо ин маҳсулотро харидорӣ намоед ё истифода баред, шояд аз шумо талаб карда шавад, ки ин шарту шароитро ҳамчун як шарти харидорӣ, насб ё истифода қабул намоед.

БАРОИ ОСОНИИ КОРИ ШУМО, MICROSOFT МЕТАВОНАД ҲАМЧУН ЯК ҶУЗЪИ МАҒОЗА, ХИЗМАТРАСОНИҲО Ё ДАР НАРМАФЗОР Ё МОЛИ ХУД АБЗОРҲО ВА БАРНОМАҲОИ ХИЗМАТИЕРО БАРОИ ИСТИФОДА ВА/Ё БОРГИРӢ ДАСТРАС НАМОЯД, КИ ҶУЗЪИ МАҲСУЛОТ Ё ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ФУРӮХТАШУДА НАМЕБОШАНД. БА ДАРАҶАИ ИҶОЗАТШУДАИ ҚОНУНИ ТАТБИҚШАВАНДА, MICROSOFT ЯГОН ИЗҲОРИ ИТМИНОН, КАФОЛАТ Ё КАФОЛАТИ СИФАТ ДАР РОБИТА БА ДУРУСТИИ НАТИҶАҲО АЗ ҲАР ГУНА ЧУНИН АБЗОРҲО ВА БАРНОМАҲОИ ХИЗМАТӢ НАМЕДИҲАД.

Лутфан, ҳангоми истифодаи абзорҳо ва барномаҳои хизматии тавассути Мағоза, нармафзор ё мол дастрасгардида, ҳуқуқи моликияти зеҳнии дигаронро эҳтиром намоед.

13. Рамзҳо барои нармафзор ва боргириҳои муҳтаво. Баъзе нармафзор ва муҳтаво тавассути дастрас гардонидани як пайванди боргирӣ дар ҳисоби Microsoft, ки бо харидории шумо алоқаманд аст, пешниҳод мешаванд. Тибқи банди поён мо одатан пайванди боргирӣ ва калиди рақамии дахлдори барои ин харидҳоро дар ҳисоби Microsoft-и шумо ба муддати 3 сол баъд аз санаи харид захира мекунем, вале ваъда намедиҳем, ки онҳоро то як муддати махсус захира менамоем. Барои маҳсулоти обуна, ки тариқи таъмин намудани як пайванди боргирӣ пешниҳод мешаванд, шартҳо ва ҳуқуқҳои захиракунии гуногун татбиқ мешаванд, ки онҳоро шумо метавонед ҳангоми обуна шудан баррасӣ намоед ва розӣ шавед.

Шумо розӣ ҳастед, ки мо метавонем барномаи нигоҳдории калиди рақамиро бекор кунем ё тағйир диҳем. Инчунин, шумо розӣ ҳастед, ки мо метавонем дастгирии нигаҳдории калидҳо барои як ё бештар маҳсулот дар вақти дилхоҳ ва бо ҳар гуна сабаб, аз ҷумла бо роҳи намуна, дар охири дастгирии давраи зиндагии маҳсулот қатъ намоем, ки баъди он шумо дигар ба пайванди боргирӣ ё калиди рақамӣ дастрасӣ пайдо намекунед. Агар мо тавре барномаи худро бекор намоем ё тағйир диҳем, ки шумо дигар дастрасӣ ба пайванди боргирӣ ё калид(ҳо)и рақамӣ дар ҳисоби худ пайдо накунед, бо истифодаи маълумоти тамоси шумо барои ҳисоби дахлдори Microsoft ҳадди ақал 90 рӯз пеш ба шумо огоҳӣ мефиристем.

14. Нархгузорӣ. Агар мо дар кишвар ё минтақаи шумо як Мағозаи Чаканаи Microsoft дошта бошем, пас нархҳо, интихоби маҳсулот ва аксияҳои пешниҳодшуда метавонанд аз онҳое, ки дар Мағозаи онлайн мебошанд, фарқ кунанд. Ба дараҷаи иҷозатшудаи қонуни татбиқшаванда, Microsoft кафолат намедиҳад, ки нарх, маҳсулот ё аксияи ба таври онлайн пешниҳодшуда дар Мағозаи Чаканаи Microsoft низ дастрас мешавад ё лоиқ дида мешавад ё баръакс.

Мағоза кафолати мутобиқати нархҳоро надорад. Мо нархи эълоншудае, ки дигар фурӯшандагон барои ҳамон молҳо пешниҳод мекунанд, мутобиқ намесозем.

Мо метавонем, ки як имкони фармоиши пешакиро барои баъзе маҳсулот қабл аз санаи дастарсии онҳо пешниҳод намоем. Барои маълумоти бештар дар бораи сиёсатҳои фармоиши пешакӣ, лутфан, саҳифаи фармоиши пешакӣ https://go.microsoft.com/fwlink/p/?linkid=834935&clcid=0x0428 -ро бинед.

Агар ба таври дигар баён нашуда бошад, нархҳое, ки дар Мағоза нишон дода шудаанд, андоз ё пардохтҳоеро (“Андозҳо”), ки нисбати хариди шумо татбиқ мешаванд, дар бар намегиранд. Нархҳои дар Мағоза нишон додашуда арзиши бурдарасониро низ дар бар намегирад. Андозҳо ва арзишҳои бурдарасонӣ (ба таври мувофиқ) ба маблағи хариди шумо зам мешаванд ва дар саҳифаи анҷомдиҳии харид нишон дода мешавад. Барои пардохти чунин андозҳо ва арзишҳо танҳо шумо масъул ҳастед.

Вобаста аз макони шумо, баъзе амалиёт метавонад истифодаи асъори хориҷӣ талаб кунад ё дар кишвари дигар коркард карда шавад. Бонки шумо метавонад барои чунин хизматрасониҳо дар мавриди истифода шудани корти қарзӣ ё дебетӣ маблағи иловагӣ ситонад. Барои маълумоти бештар гирифтан, ба бонки худ муроҷиат кунед.

15. Бахши навсозии худкор. Агар навсозии худкор дар кишвар, минтақа, вилоят/ҳудуд ё штати шумо иҷозат шуда бошад, пас шумо метавонед маҳсулот ё хизматрасониҳоро барои навсозии худкор дар охири давраи хизматрасонии муқарраршуда интихоб намоед. Агар шумо мувофиқи дастурҳои дар поён овардашуда маҳсулот ё хизматрасонии худро бекор накарда бошед, баъд аз он, ки мо шуморо оиди таҷдиди худкори маҳсулот ё хизматрасонӣ хотиррасон мекунем, мо метавонем маҳсулот ё хизматрасонии шуморо дар охири давраи ҷории хизматрасонӣ таҷдид кунем ва аз шумо барои давраи таҷдидшаванда бо нархи ҷорӣ маблағ ситонем. Барои навсозӣ мо тариқи усули пардохти шумо ҳисоб барои пардохтро равон мекунем, хоҳ он дар файл барои санаи навсозӣ бошад ё дертар пешниҳод шуда бошад. Шумо метавонед, ки маҳсулот ё хизматрасониҳоро пеш аз санаи навсозӣ бекор кунед. Шумо бояд то санаи таҷдид бекор кунед, то ки барои таҷдиид ба шумо ҳисоб пешниҳод карда нашавад.

16. Сиёсати баргардондан. Ба таври мувофиқ, мо баргардонӣ ва ивази маҳсулоти мувофиқро то 14 рӯз аз санаи харидорӣ ё боргирӣ қабул мекунем. Фақат маҳсулоти мувофиқро дар як ҳолати монанди нав ва дар қуттии аслиаш бо ҳамаи қисмҳо, ҷузъҳо, дастурамалҳо ва ҳуҷҷатҳои он, чӣ тавре ки дар аввал дохил буданд, баргардонед. Ин “Сиёсати баргардондан” ба ягон ҳуқуқҳои қонуние, ки нисбат ба хариди шумо татбиқ мешаванд, дахл надорад.

Нармафзори қуттидор ва бозиҳо бояд бо тамғаи ноканда баргардонда шаванд, ки ҳамаи медиа ва калидҳои маҳсулотро дар бар гиранд. Ҳамчун як истиснои маҳдуд, агар шумо бо шартномаи иҷозатномавӣ розӣ нашавед, пас шумо метавонед бастаҳои нармафзор ва бозиро, ки кушода шуда буданд, дар давраи баргардонӣ баргардонед, вале танҳо агар шумо ягон нусхаи онҳоро нагиред ё онҳоро истифода набаред.

Баъзе молҳо барои баргардондан мувофиқ намебошанд; агар ба таври дигар аз ҷониби қонун ё ягон пешниҳоди махсуси маҳсулот муқаррар нашуда бошад, пас ҳамаи харидҳои ин намуд маҳсулот ниҳоӣ ва ҷуброннашаванда мебошанд.

барномаҳои рақамӣ, бозиҳо, муҳтаво ва обунаҳои дохили барнома, мусиқӣ, намоишҳои ТВ ва муҳтавои алоқаманд;

кортҳои туҳфавӣ ва кортҳои хизматрасонӣ/обуна (мис., Skype, Xbox Live, Groove Music Pass);

маҳсулотҳои шахсишуда ё фармоиш додашуда;

маҳсулоти махсуси фармоишӣ, агар ҷузъи як пешниҳоди ташвиқотии Мағоза набошад;

Маҳсулоти хотираи оперативӣ (“RAM”);

хизматрасониҳое, ки иҷро ё истеъмол шудаанд; ва

молҳои фурӯшӣ ё онҳое, ки бо нишонаи “Барои фурӯш” ё “Бебозгашт” ишора шудаанд.

Вақте ки шумо як моли мувофиқи бозгаштро бармегардонед, мо маблағро пурра медиҳем, камтар аз маблағи аслии бурдарасонӣ ва коркард (агар чунин бошад) ва одатан шумо маблағи худро дар давоми 3-5 рӯзи корӣ мегиред. Ҳар гуна ҷуброн нисбат ба ҳамон ҳисоб ва бо истифодаи ҳамон усули пардохте, ки барои фармоиш додан истифода шуда буд, татбиқ карда мешавад (агар шумо маблағи Мағозаро дар ҳаҷми ҷуброн интихоб накунед).

Барои тафсилоти бештар оид ба баргардонии маҳсулоти мувофиқ Саҳифаи бозгашт ва ҷуброн https://go.microsoft.com/fwlink/p/?linkid=723276&clcid=0x0428 -ро бинед.

Агар шумо дар Тайван зиндагонӣ кунед, дар хотир доред, ки мувофиқи қонуни Тайван оиди муҳофизати муштариён ва қонунгузории мувофиқи он, ҳамаи харидҳои марбут ба муҳтавои рақамии дар шакли ғайримоддӣ пешниҳодшуда ва/ё хизматрасониҳои онлайн интиҳоӣ буда, агар чунин муҳтаво ё хизматрасониҳо ба таври онлайн пешниҳод карда шаванд, маблағи онҳо баргардонида намешавад. Шумо барои талаб кардани ягон гуна давраи андешиданӣ ё баргардонии маблағ ҳуқуқ надоред.

17. Пардохтҳо ба шумо. Агар мо аз шумо пардохт қарздор бошем, шумо розӣ мешавед дилхоҳ маълумоти саривақтӣ ва саҳеҳи ба мо лозим барои расонидани пардохт ба шуморо пешниҳод кунед. Шумо барои ҳамагуна андозҳо ва пардохтҳои дар натиҷаи ин пардохт ба шумо ба амал омада масъул ҳастед. Ба дараҷаи иҷозатшудаи қонуни татбиқшаванда, шумо низ бояд ҳар гуна дигар шартҳоеро, ки мо ба ҳуқуқи шумо барои пардохт мегузорем, риоя намоед. Агар шумо ягон пардохтро нодуруст гиред, мо метавонемо онро баргардонем ё аз шумо баргардонидани онро талаб намоем. Шумо бояд ба мо дар ин масъала кӯмак расонед. Инчунин, мо метавонем пардохти шуморо бе огоҳӣ бо мақсади ҷуброн кардани пардохти изофии пешина кам кунем.

18. Кортҳои туҳфавӣ. Кортҳои туҳфавие, ки дар Мағозаи Чаканаи Microsoft харидорӣ мешаванд аз ҷониби Шартномаи Чаканаи Корти Туҳфавӣ танзим мешаванд, ки дар http://www.microsoftstore.com/store/msusa/html/pbPage.Help_Retail_Stores#GiftCards ҷойгир мебошад

Маълумот дар бораи кортҳои туҳфавии Skype дар саҳифаи ёрии Skype дастрас аст (https://support.skype.com/en/faq/FA12197/what-is-a-skype-gift-card-and-where-can-i-buy-one).

Харид ва истифодаи дигар кортҳои туҳфавии Microsoft, ки аз ҷониби Шарту шароити Кортҳои туҳфавии Microsoft танзим мешаванд (https://commerce.microsoft.com/PaymentHub/Help/Show/toc_link_no_62).

19. Хизматрасонии муштариён. Лутфан, барои маълумоти бештар дар бораи имконоти хизматрасонии муштариён басаҳифаи Савдо ва дастгирӣ https://go.microsoft.com/fwlink/p/?linkid=824761&clcid=0x0428 гузаред.

Шартҳои УМУМӢ

20. Тағйир додани шартҳо. Microsoft метавонад, ки “Шартҳои савдо”-ро дар вақти дилхоҳ ва бидуни огоҳии шумо тағйир диҳад. “Шартҳои савдо”, ки қувваи ҳуқуқӣ дорад, ҳангоми фармоиш додани шумо харидро танзим менамояд ва ҳамчун шартномаи харид байни мо хизмат мекунад. Пеш аз хариди навбатии шумо, Microsoft шояд, ки “Шартҳои савдо”-ро бидуни огоҳии шумо тағйир дода бошад. Лутфан, Шартҳои савдо-роҳар гоҳе, ки ба Мағоза ташриф меоред, аз назар гузаронед. Барои истифодаи оянда ҳангоми харид кардан, мо ба шумо тавсия медиҳем, ки як нусхаи “Шартҳои савдо”-ро захира ё чоп кунед.

21. Маҳдудиятҳои синну сол. Маҳдудиятҳои синну сол барои истифодаи Мағоза, аз ҷумла харидҳо татбиқ карда мешавад.

22. Махфият ва ҳимояи маълумоти шахсӣ. Махфияти шумо барои мо муҳим аст. Барои кор фармудан ва пешниҳоди Мағоза мо баъзе маълумоти ҷамъовардаро истифода мебарем. Лутфан, Баёнияи махфияти Microsoft-ро хонед, чунки он навъҳои иттилоотеро, ки мо аз шумо ва дастгоҳҳои шумо ҷамъ мекунем (“Иттилоот”), ва тарзи истифода шудани Иттилооти шуморо аз ҷониби мо тавсиф мекунад. Инчунин, Баёнияи махфият шарҳ медиҳад, ки чӣ тавр Microsoft муҳтавои шумо, яъне иртиботи шумо бо дигарон; интишорҳо ё изҳори назари шумо ба Microsoft тавассути Мағоза пешниҳодшуда; ва файлҳо, суратҳо, ҳуҷҷатҳо, аудио, асарҳои рақамӣ ва видеоҳои тавассути Хидматҳо боркарда, нигоҳ дошта ё дар дастгоҳи шумо мубодила шавандаро (“Муҳтавои шумо”) истифода мебарад. Мағозаро истифода бурда, шумо барои ҷамъоварӣ, истифода ва ифшои Муҳтаво ва Иттилооти худ аз ҷониби Microsoft, тавре ки дар Баёнияи махфият шарҳ дода шудааст, розӣ мешавед.

23. Намоиши маҳсулот ва рангҳо. Microsoft кӯшиш мекунад, ки рангҳо ва расмҳои маҳсулотро ба таври дуруст нишон диҳад, вале мо кафолат дода наметавонем, ки ранге, ки шумо дар экрани дастгоҳи худ мебинед, айнан бо ранги маҳсулот мувофиқат мекунад.

24. Хатоҳо дар намоиши Мағоза. Мо кӯшиш мекунем, ки маълумоти дуруст нашр намоем, мунтазам Мағозаро навсозӣ намоем ва хатоҳои ошкоргардидаро ислоҳ кунем. Аммо, ҳар вақт ҳар гуна муҳтавои Мағоза метавонад нодуруст ё куҳна бошад. Мо ҳуқуқи ворид намудани тағйирот ба Мағоза дар вақти дилхоҳ, аз ҷумла нархҳои маҳсулот, хусусиятҳо, таклифҳо ва дастрасиро нигоҳ мкдорем.

25. Қатъи истифода ё дастрасӣ. Microsoft метавонад дар вақти дилхоҳ ҳисоби шумо ё истифодаи Мағозаро бо ҳар гуна сабаб, аз ҷумла бемаҳдуд, агар шумо ин “Шартҳои савдо” ё Сиёсатҳои Мағозаро вайрон кунед ё агар Мағоза дигар аз ҷониби Microsoft кор фармуда нашавад, қатъ намояд. Бо истифодаи Мағоза шумо розӣ мешавед, ки пеш аз чунин қатъкунӣ барои ҳар гуна фармоишҳои худ ё пардохтҳои ситонидашаванда масъул ҳастед (мувофиқи ин шартҳо). Microsoft метавонад, ки ҳар вақт, бо ҳар гуна сабаб ва бидуни огоҳии шумо Мағозаро тағйир диҳад, қатъ кунад ё ба таври дигар боз дорад.

26. Кафолатҳо ва маҳдудкунии чораҳои ҳимояи судӣ. БА ДАРАҶАИ ИҶОЗАТШУДА МУВОФИҚИ ҚОНУНИ МАҲАЛЛИИ ШУМО, MICROSOFT ВА МОЛРАСОНҲОИ ОН, ПАҲНКУНАНДАГОН, ФУРӮШАНДАҲО ВА ПРОВАЙДЕРОНИ МУҲТАВО ЯГОН КАФОЛАТҲОИ БЕВОСИТА ВА БАВОСИТА, КАФОЛАТҲО Ё ШАРТҲОРО НАМЕДИҲАД, АЗ ҶУМЛА БА ФУРУШРАВӢ, СИФАТИ ҚАНОАТБАХШ, МУТОБИҚАТ БАРОИ ЯГОН МАҚСАД, ИҶРОИШИ БАЛАНДСИФАТ, УНВОН Ё БЕ ПОЙМОЛКУНИИ ҲУҚУҚ. АГАР УМУМАН МАҲСУЛОТ Ё ХИЗМАТРАСОНИҲОИ ДАР МАҒОЗА ФУРӮХТАШУДА Ё ДАСТРАС КАФОЛАТ ДОДА ШАВАНД, ПАС ТАНҲО МУВОФИҚИ ШАРТНОМАҲОИ ИҶОЗАТНОМАВӢ Ё КАФОЛАТҲОИ ИСТЕҲСОЛКУНАНДА, КИ ОНҲОРО ҲАМРОҲӢ МЕКУНАНД. БА ИСТИСНОИ ҲОЛАТҲОЕ, КИ ДАР ШАРТНОМАИ ИҶОЗАТНОМАВӢ Ё КАФОЛАТИ ҲАМРОҲИКУНАНДА ИСТЕҲСОЛКУНАНДА МУҚАРРАР ШУДААСТ ВА ТИБҚИ ҲУҚУҚҲОИ ҚОНУНИИ ШУМО:

ХАРИД ВА ИСТИФОДАИ ШУМО БО ТАВАККАЛИ ХУДАТОН АСТ:

МО МАҲСУЛОТ ВА ХИЗМАТРАСОНИҲОРО “ТАВРЕ, КИ АСТ”, “БО ҲАМАИ НУҚСОНҲО” ВА “ТАВРЕ, КИ ДАСТРАС АСТ” ПЕШНИҲОД МЕКУНЕМ;

ШУМО ХАТАР АЗ ХУСУСИ СИФАТ ВА ИҶРОИШИ ОНҲОРО БА ЗИММА МЕГИРЕД; ВА

ШУМО ТАМОМИ ХАРОҶОТИ ЗАРУРИИ ХИЗМАТРАСОНИИ ТЕХНИКӢ ВА ТАЪМИРРО БА ЗИММА МЕГИРЕД.

MICROSOFT САҲЕҲИЯТ Ё САРИВАҚТӢ БУДАНИ МАЪЛУМОТИ АЗ МАҒОЗА Ё ХАИЗМАТРАСОНИҲО ДАСТРАСШУДАРО КАФОЛАТ НАМЕДИҲАД. ШУМО ЭЪТИРОФ МЕКУНЕД, КИ КОМПЮТЕР ВА СИСТЕМАҲОИ ТЕЛЕКОММУНИКАТСИОНӢ АЗ НУҚСОН ХОЛӢ НЕСТАНД ВА БАЪЗАН КОРНОШОЯМӢ БА АМАЛ МЕОЯД. МО КАФОЛАТ НАМЕДИҲЕМ, КИ ДАСТРАСӢ БА МАҒОЗА Ё ХИЗМАТРАСОНИҲО БЕИСТ, САРИВАҚТ, БЕХАТАР Ё БЕ ХАТО МЕШАВАНД, Ё ИН КИ ГУМШАВИИ МУҲТАВО РУХ НАМЕДИҲАД.

Агар, бо вуҷуди ин “Шартҳои савдо”, шумо ягон асос барои рӯёнидани маблағ барои зарарҳое дошта бошед, ки аз Мағоза, Хизматрасониҳо, ҳар гуна маҳсулот ё хизматрасонии пешниҳодшуда бар оянд, ДАР ЧОРЧУБАИ МУҚАРРАРШУДАИ ҚОНУНИ ТАТБИҚШАВАНДА, чораи истисноии ҳимояи ҳуқуқи шумо ин БЕВОСИТА рӯёнидани маблағи зарарҳо то (1) нарх ё маблағи як моҳ барои ҳар гуна хизматрасонӣ, обунашавӣ ё маблағи монанд (ғайр аз нархи хариди сахтафзор, нармафзор, дастгирӣ ё кафолатҳои тамдидшуда) ё (2) дар ҳолати набудани ягон хизматрасонӣ, обунашавӣ 100 доллари ИМА ё маблағи монанд аз Microsoft ё молрасонҳо, фурӯшандаҳо, паҳнкунандагон ва провайдерҳои муҳтавои ОН.

ШУМО МЕТАВОНЕД ТИБҚИ ҚОНУНИ МАҲАЛЛИИ ХУД ҲУҚУҚҲОИ МУАЙЯН ДОШТА БОШАД. ҲЕҶ ЧИЗ ДАР ИН ШАРТНОМА БАРОИ ТАЪСИРИ ОН ҲУҚУҚҲО РАВОНА НАШУДААСТ, АГАР ОНҲО ТАТБИҚ ШАВАНД.

Барои истеъмолкунандагоне, ки дар Зеландияи Нав истиқомат мекунанд, шумо метавонед тибқи Қонуни Зеландияи нав дар бораи кафолатҳои истеъмолкунанда ҳуқуқҳои қонунӣ дошта бошед ва ҳеҷ чиз дар ин “Шартҳои савдо” ба он ҳуқуқҳо таъсир намерасонад.

27. Маҳдудсозии масъулият. ДАР ЧОРЧУБАИ МУҚАРРАРШУДАИ ҚОНУНИ ТАТБИҚШАВАНДА ШУМО РОЗӢ ҲАСТЕД, КИ ШУМО БАРОИ ҲАР ГУНА ДИГАР ЗАРАРҲО Ё ХИСОРОТ, АЗ ҶУМЛА ЗАРАРҲОИ МУСТАҚИМ, МАХСУС, ҒАЙРИМУСТАҚИМ, ТАСОДУФӢ Ё ҶАРИМАВӢ ВА Ё ТАЛАФОТИ ФОИДАҲО. Маҳдудиятҳо ва истисноҳои БАХШҲОИ 26 ВА 27 татбиқ мешавад ҳатто агар шумо зарар бинед ва ҳатто агар мо дар бораи эҳтимоли зарарҳо медонистем ё бояд медонистем. БАЪЗЕ ШТАТҲО Ё ВИЛОЯТҲО/ҳудудҳо ИСТИСНО Ё МАҲДУДИЯТИ ЗАРАРҲОИ ТАСОДУФӢ Ё МУСТАҚИМРО ИҶОЗАТ НАМЕДИҲАНД, БИНОБАР ИН, МАҲДУДИЯТ Ё ИСТИСНОИ ДАР БОЛО ЗИКРШУДА НИСБАТИ ШУМО ТАТБИҚ НАМЕШАВАД.

Дар чорчубаи муқарраршудаи қонуни татбиқшаванда ин маҳдудиятҳо ва истисноҳо нисбати ҳамаи ДАЪВОҲО ТИБҚИ ҲАР ГУНА НАЗАРИЯИ ҚОНУНӢ нисбати Мағоза, Хизматрасониҳо, ин “Шартҳои савдо”, ё ҳар гуна маҳсулот ё хизматрасонии пешниҳодшуда, аз ҷумла, гумшавии муҳтаво, ҳар гуна вирус ё НАРМАФЗОРИ ЗАРАРНОК, ки ба истифодабарии Мағоза ё Хизматрасониҳо Ё ҲАР ГУНА МАҲСУЛОТ Ё ХИЗМАТРАСОНИЕ, КИ АЗ МАҒОЗА ГИРИФТА МЕШАВАД; ВА таъхирҳо ё нокомиҳо дар оғоз ё ба анҷомрасонии интиқолҳо ё амалиётҳо, татбиқ карда мешаванд

28. Тафсир кардани ин шартҳо. Ҳамаи қисмҳои ин “Шартҳои савдо” ба дараҷаи ҳаддалимкони иҷозатшудаи қонуни амалкунанда дахл дорад; шумо метавонед, ки дар юрисдиксияи ҷои истиқомати худ ҳуқуқҳои бештар дошта бошед (ё агар ягон тиҷорат, ҷои кори асосии худ). Агар муайн карда шавад, ки мо ҳаққи амалӣ намудани ягон қисми ин “Шартҳои савдо”-ро тавре ки навишта шудааст надорем, мо метавонем он шартҳоро бо шартҳои шабеҳ то ҳадди амалишавӣ тибқи қонуни дахлдор иваз кунем, аммо қисми боқимондаи “Шартҳои савдо” тағйир намеёбад. Ин “Шартҳои савдо” танҳо барои манфиати шумо ва мо мебошад; онҳо барои манфиати дигар шахсон ғайр аз қабулкунандагон ва ворисони Microsoft намебошанд. Агар шумо аз дигар вебсайтҳои Microsoft маҳсулот ё хизматрасониҳоро харидорӣ намоед, па дигар шартҳо татбиқ карда мешаванд.

29. Додани ҳуқуқ. Дар чорчубаи муқарраршудаи қонуни татбиқшаванда, мо ҳақ дорем дар вақти дилхоҳ, бе огоҳ кардани шумо. пурра ё қисман ин “Шартҳои савдо”-ро диҳем, интиқол диҳем ё ба таври дигар ҳуқуқҳо ва уҳдадориҳои худро тибқи ин “Шартҳои савдо” истифода барем. Тибқи ин “Шартҳои савдо” шумо ҳар гуна ҳуқуқҳоро дода ё интиқол дода наметавонем.

30. Огоҳиҳо ва алоқа. Доир ба дархостҳои дастгирии мизоҷон, лутфан, саҳифаи “Савдо ва дастгирӣ”-ро дар Мағоза бинед. Барои баҳсҳо, тартиби огоҳиро дар ин бахш риоя кунед.

31. Пудратчӣ, интихоби қонун ва ҷой барои ҳалли баҳсҳо.

a. Америкаи Шимолӣ ё Ҷанубӣ, берун аз Иёлоти Муттаҳида ва Канада.Агар шумо дар Америкаи Шимолӣ ё Ҷанубӣ, берун аз Иёлоти Муттаҳида ва Канада истиқомат кунед (ё, агар корхона бошед, макони асосии фаъолиятататон дар онҷо бошад), шумо бо Microsoft Corporation, One Microsoft Way, Redmond, WA 98052, ИМА шартнома мебандед. Тафсири “Шартҳои савдо” мазкур ва даъвоҳо оид ба вайронкунии онҳо, новобаста аз принсипи ихтилофи қонунҳо, тибқи қонунгузории штати Вашингтон танзим карда мешаванд. Ҳамагуна даъвоҳои дигар тибқи қонунҳои кишваре, ки мо Мағоза ва Хизматрасониҳоро ба он равона месозем, танзим карда мешаванд (аз ҷумла муҳофизати истеъмолкунанда, рақобати ғайриодилона ва даъвоҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии гражданӣ).

b. Шарқи Миёна ё Африка. Агар шумо дар Шарқи Миёна ё Африка зиндагӣ кунед (ё, агар корхона бошед, макони асосии фаъолиятататон дар онҷо бошад), пас шумо бо Microsoft Ireland Operations Limited шартнома баста истодаед, ки дар суроғаи Дублин 18, Ирландия, Сендифорд Индастриал Эстейт, Кармаҳол Роуд, бинои Атриум, блоки Б ҷойгир аст. Тафсири “Шартҳои савдо”-и мазкур ва даъвоҳо оид ба вайронкунии онҳо, новобаста аз принсипи ихтилофи қонунҳо, тибқи қонунгузории Ирландия танзим карда мешаванд. Ҳамагуна даъвоҳои дигар тибқи қонунҳои кишваре, ки мо Мағоза ва Хизматрасониҳоро ба он равона месозем, танзим карда мешаванд (аз ҷумла муҳофизати истеъмолкунанда, рақобати ғайриодилона ва даъвоҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии гражданӣ). Шумо ва мо бечунучаро ба юрисдиксия ва макони баррасии бидуни истиснои судҳои Ирландия дар мавриди ҳама баҳсҳое, ки аз ин “Шартҳои савдо” ё дар робита бо онҳо ё Мағоза ба амал меоянд, розӣ мешавем.

c. Осиё ё Қисми ҷанубии Уқёнуси Ором, ғайр аз кишварҳои дар поён зикршуда. Агар шумо дар Осиё зиндагӣ кунед (ё, агар корхона бошед, макони асосии фаъолиятататон дар онҷо бошад) (ғайр аз Хитой, Ҷопон, Ҷумҳурии Корея ё Тайван), пас шумо бо Ширкати Савдои Минтақавии Microsoft, як ширкате, ки тибқи қоннуҳои штати Невадаи ИМА ташкил шудааст, шартнома баста истодаед, ки филиалҳояш дар Сингапур ва Гонг Конг мебошанд, ҷои кори асосиаш дар Сингапур, Александра Технопарк, Блоки Б, #04-09/12, 438Б Александра Роуд, 119968 ҷойгир аст. Тафсири ин “Шартҳои савдо” ва даъвоҳоро барои ҳуқуқвайронкунии онҳо сарфи назар аз ихитлофи принсипҳои қонун, қонуни штати Вашингтон танзим менамояд. Ҳамагуна даъвоҳои дигар тибқи қонунҳои кишваре, ки мо Мағозаро ба он равона месозем, танзим карда мешаванд (аз ҷумла муҳофизати истеъмолкунанда, рақобати ғайриодилона ва даъвоҳо оид ба ҳуқуқвайронкунии гражданӣ). Ҳамагуна баҳсе, ки аз “Шартҳои савдо”-и мазкур ё Мағоза, ё дар робита бо онҳо ба амал меоянд, аз ҷумла ҳамагуна масъала роҷеъ ба мавҷудият, эътибор ё қатъи амали онҳо, ба Маркази арбитражи байналмилалии Сингапур (SIAC), ки қоидаҳои он ба таври истинод ба ин модда шомилшуда маҳсуб меёбанд, пешниҳод ва ба таври ниҳоӣ ҳал карда мешаванд. Трибунал аз як ҳаками аз ҷониби Президенти SIAC таъйиншуда иборат мешавад. Забони арбитраж забони англисӣ мешавад. Қарори ҳакам ниҳоӣ, ҳатмӣ ва баҳснопазир аст ва он метавонад дар кишвар ё минтақаи дилхоҳ ҳамчун асос барои қарори суд истифода шавад.

d. Ҷопон. Агар шумо зиндагӣ кунед (ё, агар корхона бошед, макони асосии фаъолиятататон дар онҷо бошад), пас шумо бо Microsoft Japan Co., Ltd (MSKK), Токио 108-0075, 2-16-3 Конан Минато-ку, Шинагава Гренд Сентрал Товер, шартнома баста истодаед. Қонунҳои Ҷопон ин “Шартҳои савдо” ва ҳар гуна масъалаҳоеро, ки аз онҳо ё Мағоза бар меоянд ё алоқаманд мебошанд, танзим менамоянд.

e. Ҷумҳурии Корея. Агар шумо дар Ҷумҳурии Корея зиндагӣ кунед (ё, агар корхона бошед, макони асосии фаъолиятататон дар онҷо бошад), пас шумо бо Microsoft Korea, Inc., Ҷумҳурии Корея, Сеул, Ҷонгро-гу, Ҷонгро 1 гил 50, К-Твин, Бурҷи А, 11-ум ошёна ҷойгир мебошад, шартнома баста истодаед. Қонунҳои Ҷумҳурии Корея ин “Шартҳои савдо” ва ҳар гуна масъалаҳоеро, ки аз онҳо ё Мағоза бар меоянд ё алоқаманд мебошанд, танзим менамоянд.

f. Тайван. Агар шумо дар Тайван зиндагӣ кунед (ё, агар корхона бошед, макони асосии фаъолиятататон дар онҷо бошад), пас шумо бо Microsoft Taiwan Corporation, Тайван, Тайбей 11065, ноҳияи Синйи, Жонгсиао И. Рд., Қисми 5, Рақами 68, 18Ф ҷойгир мебошад, шартнома баста истодаед. Қонунҳои Тайван ин “Шартҳои савдо” ва ҳар гуна масъалаҳоеро, ки аз онҳо ё Мағоза бар меоянд ё алоқаманд мебошанд, танзим менамоянд. Барои ҷузъиёти бештар оид ба Microsoft Taiwan Corporation, лутфан, аз вебсайти пешкашнамудаи Вазорати корҳои иқтисодии Ҷумҳурии Хитой боздид кунед. (http://gcis.nat.gov.tw/main/index.jsp). Шумо ва мо, то ҳадди аксари иҷозатдодаи қонунҳои Тайван, бечунучаро суди музофотии Тайпей-ро ҳамчун инстансияи якум таъйин менамоем, ки дорои юрисдиксия дар мавриди ҳама баҳсҳое мебошад, ки аз ин Шартҳо ё дар робита бо онҳо ё Хидматҳо ба амал меоянд.

32. Огоҳиҳо

a. Огоҳиҳо ва тартиби пешниҳоди даъво оид ба вайронкунии моликияти зеҳнӣ. Microsoft ҳуқуқи моликияти зеҳнии шахсони сеюмро эҳтиром мекунад. Агар шумо хоҳед ки дар бораи вайронкунии ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ огоҳӣ фиристед, лутфан, қоидаҳои моро оид ба пешниҳоди Огоҳиҳо оид ба вайронкунӣ истифода баред (https://www.microsoft.com/info/cpyrtInfrg.aspx). ҲАМАИ ДАРХОСТҲОЕ. КИ БО ИН ҚОИДА МАРБУТ НЕСТАНД, ПОСУХ НАМЕГИРАНД.

Барои посух додан огоҳиҳо оид ба вайронкунии ҳуқуқи муаллифӣ Microsoft равандҳоеро истифода мебарад, ки дар Сарлавҳаи 17, Кодекси Иёлоти Муттаҳида, Қисми 512 муқаррар карда шудаанд. Дар ҳолатҳои мувофиқи мақсад, Microsoft инчунин метавонад ҳисобҳои корбарони хидматҳои Microsoft-ро, ки такроран вайрон мекунанд, қатъ ё ғайрифаъол кунад.

b. Огоҳиҳо оид ба ҳуқуқи муаллифӣ ва тамғаи тиҷорӣ.

Ҳамаи муҳтавои Мағоза ва Хизматрасониҳо ҳуқуқи муааллифии ©2016 Ширкати Microsoft ва/ё молрасонҳо ва провайдерҳои тарафи сеюми он мебошад, ИМА, WA 98052, Редмонд, One Microsoft Way. Ҳамаи ҳуқуқҳо ҳифз шудаанд. Мо ё молрасонҳои мо ва дигар провайдерони тарафи сеюм соҳиби унвон, ҳуқуқи муааллиф ва дигар ҳуқуқҳои моликияти зеҳнии Мағоза, Хизматрасониҳо ва муҳтаво мебошанд. Microsoft ва номҳо. логоҳо ва нишонҳои ҳамаи маҳсулоти ва хидматҳои Microsoft метавонанд тамғаҳои тиҷорӣ ё тамғаҳои тиҷории қайдшудаи Microsoft дар Иёлоти Муттаҳида, Канада ва/ё кишварҳои дигар бошанд.

Рӯйхати тамғаҳои тиҷории Microsoft дар суроғаи зерин дарёфт карда мешавад: https://www.microsoft.com/trademarks. Номи ширкатҳо ва маҳсулоти воқеӣ метавонанд тамғаҳои тиҷории моликони мувофиқи онҳо бошанд. Ҳамаи ҳуқуқҳое, ки дар ин “Шартҳои савдо” мустақиман боздода нашудаанд, ҳифз шудаанд.

33. Огоҳӣ оид ба бехатарӣ. Барои пешгирӣ кардани ҷароҳат, нороҳатӣ ё зӯрзании эҳтимолии чашм, шумо бояд мунтазам аз истифодаи бозиҳо ва барномаҳои дигар танаффус кунед, хусусан агар дар натиҷаи истифода ягон дард ё хастагӣ эҳсос кунед. Агар нороҳатӣ эҳсос кунед, танаффуз кунед. Нороҳатӣ метавонад дилбеҳазурӣ, хасташавӣ аз алвонҷ, саргардӣ, гумроҳӣ, дарди сар, хастагӣ, зӯрзании чашм ё хӯшкии чашм дар бар гирад. Истифодаи барномаҳо метавонад диққати шуморо гирад ва муҳити атрофатонро банд кунад. Аз хатарҳои роҳ, зинаҳо, шифтҳои паст эҳтиёт кунед ва аз истифодаи чизҳои шиканам ё гаронбаҳоро худдорӣ намоед. Фоизи хеле ками одамон метавонанд ҳангоми муоинаи баъзе тасвирҳои аёнӣ, аз қабили дурахши равшанӣ ё расмҳо дар барномаҳо пайдошаванда ба кашиши мушакҳо дучор шаванд. Ҳатто одамоне, ки пештар ҳеҷ гоҳ ба кашиши мушакҳо дучор нашудаанд, метавонанд ҳолати ташхиснашудае дошта бошанд, ки метавонад боиси кашиши мушакҳо шавад. Оризаҳо метавонанд аз сарчархзанӣ, таҳрифи биноӣ, ихтилоҷ, ларза, кашишхӯрии дасту пой, гум шудани эҳсоси самт, тирагии идрок, аз ҳуш рафтан ё рагкашӣ иборат бошанд. Агар ба яке аз ин оризаҳо дучор оед, фавран истифодаро қатъ кунед ё агар ягон вақт гирифтори оризаҳои марбут ба кашиши мушакҳо бошед, пеш аз истифодаи барномаҳо бо духтур машварат кунед. Волидайн бояд ҳангоми истифодаи барномаҳо аз ҷониби фарзандонашон зоҳиршавии оризаҳоро назорат кунанд.