Trace Id is missing

Microsoft Office ScreenTip Language 2013

Тарҷумаи маслиҳатҳои рӯи экранро барои нишон додани матни ҷузъҳои намоишшаванда – ба монанди тугмачаҳо, менюҳо ва равзанаҳои гуфтугӯӣ – истифода баред.

Муҳим! Интихобкунии забон дар поён тамоми муҳтавои саҳифаро ба он забон ба таври динамикӣ тағйир медиҳад.

  • Версия:

    1.0

    Санаи интишор:

    4/9/2013

    Номи файл:

    screentiplanguage_tg-cyrl-tj_32bit.exe

    screentiplanguage_tg-cyrl-tj_64bit.exe

    Андозаи файл:

    1.5 MB

    1.5 MB

    Забони маслиҳатҳои рӯи экранро барои нишон додани тарҷумаҳои ҷузъҳои намоишшаванда – ба монанди тугмачаҳо, менюҳо ва равзанаҳои гуфтугӯӣ – иваз кунед, то барои корбарон истифодаи барномаҳои Microsoft Office-ро, ки бо забони намедонистаи онҳо насб шудаанд, осонтар кунед.


    Баъзе ҳолатҳое, ки нармафзори мазкур истифода шуда метавонад:
    • Ёрии дузабона ё чандзабона
    • Коргарони хидмати ёрӣ метавонанд дастгириро барои забоне, ки намефаҳманд, пешниҳод намоянд
    • Корбароне, ки Office-ро бо забони хориҷӣ истифода мебаранд, ё онро муваққатан истифода мебаранд (Корбарони мусофир)
    • Компютери истифодаи умумӣ
  • Низомҳои оператсионии дастгиришаванда

    Windows 7, Windows 8 Release Preview

    • Барномаҳои дастгиршавандаи Microsoft Office:
        Microsoft Office Word 2013, Microsoft Office Excel 2013, Microsoft Office Outlook 2013, Microsoft Office PowerPoint 2013, Microsoft Office OneNote 2013, Microsoft Office Visio 2013, Microsoft Office Publisher 2013
    • Нармафзори лозим:
        Забонҳои Осиёи Шарқӣ ва аломатҳои мураккаб метавонанд насб будани файлҳои дастгирандаро талаб намоянд. Инро метавонед дар "Имконоти минтақавӣ ва забон", ки дар Панели идоракунӣ ҷойгир аст, иҷро намоед.
  • Барои насб кардани ин ҷузъи боргиришуда:
    1. Барои оғоз, дар ин саҳифа тугмачаи Боргирӣ-ро пахш кунед.
    2. Яке аз амалҳои зеринро иҷро намоед:
      • Барои бетаъхир оғоз кардани насбкунӣ, Иҷрокунӣ-ро пахш намоед.
      • Барои захира кардани ҷузъи боргиришуда ба компютери худ ва дертар иҷро кардани насбкунӣ, Захиракунӣ-ро пахш кунед.
      • Барои бекор кардани насбкунӣ, Бекоркунӣ-ро пахш кунед.

    Барои ғайрифаъол кардани маслиҳатҳои рӯи экран ё иваз кардани забони он:
    1. Тугмачаи "Файл"-и Office-ро пахш карда, Имконотро ва дар он Забонро пахш кунед, ва пас Забони маслиҳатҳои рӯи экранро ба "Мувофиқи забони интерфейс" таъин кунед.

    Барои нест кардани ин ҷузъи боргиришуда:
    1. Аз менюи Оғоз ба Панели идоракунӣ гузаред.
    2. Илова/Несткунии барномаҳоро ду бор пахш кунед.
    3. Аз рӯйхати барномаҳои насбшуда Microsoft Office ScreenTip Language-ро интихоб карда, Несткунӣ ё Илова/Несткунӣ-ро пахш кунед. Агар равзанаи гуфтугӯие пайдо шавад, дастури онро иҷро карда, барномаро нест кунед.
    4. Барои тасдиқ кардани хоҳиши нест кардани барнома Ҳа ё OK-ро пахш кунед.